Об-асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ

ob_2017.jpg16 марти соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор» баргузор хоҳад гашт.
Конфронс бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба элон гаштани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», инчунин бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март ҷашн гирифта мешавад, барпо мегардад.
Мақсади конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствор» ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об то соли 2030 мебошад.
Дар назар аст, ки дар конфронс масъалаҳои марбут ба сиёсати берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва равандҳои глобалии об, ҳолат ва дурнамои рушди соҳаи об, нақши илм ва ҷавонон дар рушди соҳаи об, иштироки шарикони рушд дар татбиқи ислоҳот ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"