Сафири Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ аз Китобхонаи миллии Малайзия боздид намуда, бо Мудири кулли Китобхонаи мазкур хонум Майзан бинти Исмоил мулоқот кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия мубодилаи афкор намуда, дар ин замина имзо кардани Ёддошти тафоҳумро зарур шумориданд. Ҳамчунин аҳамияти талошҳои муштаракро барои рушду таҳкими ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ду давлат таъкид доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Китобхонаи миллии Малайзия тақдим кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: