Дар Тоҷикистон ба 38 010 хоҷагии деҳқонӣ занони деҳот сарварӣ менамоянд

Дар Тоҷикистон ба 38 010 хоҷагии деҳқонӣ занони деҳот сарварӣ намуда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши босазо доранд. Нақш ва мавқеи занону бонувони деҳот дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва таъмини иштироки боз ҳам фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар баробари ин, занону бонувони чирадасти деҳот дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми шоиста дошта, армуғонҳои нодири ватаниро барои меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат омода ва пешниҳод менамоянд.

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири таъмини боз ҳам бештари иштироки фаъоли занони деҳот дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Бо мақсади таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оилаҳои онҳо чандин хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурду калони саноатӣ ва кишоварзӣ, марказҳои хизматрасонии бонувон ва марказҳои ҳунармандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудани занону бонувони деҳот аз соли 2006-ум инҷониб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон грантҳои президентӣ таъсис дода шуда, ҳамасола шумораи зиёди занони деҳот дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, ҳунармандӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулбурӣ, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, кулолгарӣ ва ғайра аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти президентӣ мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: