Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 376,8 тонна пилла истеҳсол гардид. Айни замон дар хоҷагиҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ ҷамъоварии он идома дорад. Соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 18500 қуттӣ тухми кирмак ворид гардида, ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, ҳоло корхонаҳои коркарди пилла, аз ҷумла ҶДММ «ВТ-Силк» ва ҶДММ «Дук» фаъолият доранд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ буда, дар он зиёда аз 50 нафар кормандон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 60 намуд матои атлас ва 30 намуд матои адрас ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани замина барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, инчунин ҷиҳати татбиқи банди 26 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат 14 октябри соли 2019 баён доштанд, «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» таҳия ва тасдиқ карда шуд.
АМИТ «Ховар»