«Истиқлол»-и Душанбе бо «Локомотив»-и Маскав бозии дӯстона мегузаронад

Санаи баргузории бозии дӯстонаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон бо тими «Локомотив»-и Маскав, қаҳрамони дукаратаи Русия муайян гардид.
Тибқи иттилои торнамои бошишгоҳи тими «Истиқлол» бозии рафиқона бо тими «Локомотив» 26 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар асоси шартнома Игор Черевченко, зодаи Тоҷикистон, сармураббии тими «Локомотив» ҳайати асосии дастаашро ба Душанбе хоҳад овард. Торнамои бошишгоҳи «Истиқлол» мегӯяд, ки бозии мазкур ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, чорумин дидори варзишгарони тоҷик бо тими «Локомотив» хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки тими «Локомотив» яке аз дастаҳои овозадор, қаҳрамони дукаратаи Русия буда, сармураббии он Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.
АМИТ «Ховар»

Tags: