Хуҷа Каримов аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид

Дар натиҷаи ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ шаҳрванд Хуҷа Каримов дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дастгир гардида, 16  феврали соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  шаҳрвандони мамлакат  муроҷиат  намуда, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки агар вобаста ба ҷиноятҳои содир кардаи шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович маълумот, далел  ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор  дошта бошанд,  метавонанд тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96  ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоянд», -изҳор дошт манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки шаҳрванд Каримов Хуҷа Раҳимович (Хуҷа-командир) 1 октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Номбурда дар содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

АМИТ «Ховар»

Tags: