Мехоҳед дар озмуни «Авто-Бону-2020» ширкат варзед? Пас мо шуморо интизорем!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 7 марти соли равон озмуни «Авто-Бону-2020» баргузор менамояд.

Озмуни мазкур  5 даврро дар бар гирифта, даври аввал «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), даври дуюм мусобиқаи «Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», сеюм рондани автомобил дар Автодром, чорум «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва ниҳоят даври панҷум аз «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» иборат мебошад.

Озмун 7 март, соати 10:00, дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С. Айнӣ доир мегардад.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин 93-508-70-72, 236-07-58 муроҷиат намоянд.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: