Имрӯз Шӯрои Федератсияи Россия тасвиби Созишнома бо Тоҷикистонро дар бораи сохтмони мактабҳои русзабон баррасӣ мекунад

Имрӯз, 12 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Федератсияи Россия тасвиби Созишнома бо Тоҷикистон дар бораи сохтмони панҷ мактаб дар Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода бо фарогирии таҳсил ба забони русӣ, ки ҳар кадоме барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст, баррасӣ хоҳад шуд. Маблағи сохтмони ин мактабҳо дар якҷоягӣ бо корҳои лоиҳакашӣ ва таҳқиқотӣ тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

Аъзои Шӯрои Федератсия рӯзи чоршанбе оид ба тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи сохтмони панҷ мактаб бо фарогирии таҳсил ба забони русӣ қарор қабул хоҳанд кард.

Ба гуфтаи муовини директори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати маорифи Федератсияи Россия Светлана Феоктистова, маблағи сохтмони панҷ мактаб дар якҷоягӣ бо тамоми корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ бояд тақрибан 6 миллиард рублро ташкил диҳад.

Дар санад пешбинӣ шудааст, ки ҷониби Россия бо ҷалби Фонди Авруосиё оид ба субот ва рушд «маблағгузории корҳои лоиҳакашӣ-таҳқиқотиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети федералӣ», сохтмони худи биноҳо ва муҷаҳҳазгардонии онҳо, аз ҷумла утоқҳои тиббӣ, ошхонаҳо ва хариди китобҳои дарсӣ амалӣ мекунад. Дар баробари ин, мақомоти Тоҷикистон ҳамаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро гирифта, дар омода кардани лоиҳаҳо кумаки зарурӣ мерасонанд. Илова бар ин, Тоҷикистон аз ҳисоби худ мактабҳоро бо тамоми намудҳои алоқа пайваст хоҳад кард.

Тавре рӯзи сешанбе дар ҷаласаи кумитаи Шӯрои Федералӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ раиси он Константин Косачев изҳор дошт, созишномаи мазкур на танҳо ба таҳкими мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон, балки ба масъалаи омода кардани мутахассисони баландихтисос аз Тоҷикистон, ки ба имконияти кор ба забони русӣ, бо забони русӣ ва аксарияташон ба кор дар ҳудуди Россия «таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд», дахл дорад.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Думаи давлатии Россия рӯзи сешанбе созишномаи мазкурро ба тасвиб расонд.

Ёдовар мешавем, Созишномае, ки ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 17 апрели соли 2019 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Россия ба имзо расониданд, сохтмони марҳилавии муассисаҳои таълимиро дар Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода пешбинӣ мекунад, ки таҳсил дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таълимии Россия сурат мегирад.

АМИТ «Ховар»

Tags: