Лоиқ Раҷабов аз Тоҷикистон ба гурӯҳи даҳнафараи беҳтарин ҷангиёни санъати бисёрҳарба дар ИДМ дар соли 2019 ворид гардид

Портал оид ба варзиш ва сайёҳӣ «ТурСтат» раддаи беҳтарин размандагони санъати бисёрҳарбаи ММА Россия ва ИДМ-ро сарфи назар аз дараҷаи вазн  дар як соли охир пешниҳод намуд.

Аз рӯи маълумоти он, муҳорибаҳои омехта ё ММА дар Россия  ва ИДМ  аз маъруфтарин  намудҳои варзиш гардидаанд, ки онро даҳҳо миллион нафар одамон тамошо мекунанд.

Ба гурӯҳи даҳнафараи беҳтарин  варзишгарони  санъати бисёрҳарба дар Россия ва кишварҳои  ИДМ  дар соли 2019   муштзанони Россия Ҳабиб  Нурмагомедов, Фёдор Емеляненко, Пётр Ян, Алберт  Туменов, Забит Магомедшарипов ва  Магомед Исмаилов, Маҳмуд Муродов аз   Ӯзбекистон, Андрей Орловский  аз Беларус, Жалгас Жумагулов аз Қазоқистон, Тофик Мусаев аз Озарбойҷон ва Лоиқ Раҷабов  аз Тоҷикистон ворид  карда шуданд.

Барои Ҳабиб Нурмагомедов  ҳамчун беҳтарин  муштзани  ММА дар Россия ва  ИДМ 33%, барои Фёдор Емеляненко  — 14%, барои Пётр Ян -12%,  барои Алберт Туменов ва Забит Магомедшарипов —7%,  барои Магомед Исмаилов ва  Маҳмуд Муродов — 5%  ва барои Лоиқ Раҷабов 3% овоз додаанд.

Раддабандӣ аз рӯи  пурсиши онлайнии мухлисони  муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан дар мавзӯи  беҳтарин размандаи ММА дар Россия ва ИДМ дар соли гузашта тартиб дода шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: