Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Балҷувон

06.08.2019, ноҳияи Балҷувон

Ҳамватанони азиз!
Намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувон!

Аз мулоқоти мо бо шумо – мардуми ватандӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Балҷувон ду сол сипарӣ шуд.

Ва имрӯз дида мешавад, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинони ноҳия, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша ноҳияи нисбатан ҷавони Балҷувон хеле ободу зебо гардидааст. Пешрафти ноҳия ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ аз чеҳраи ҳар яки шумо баръало мушоҳида мегардад.

Бинобар ин, ба тамоми сокинони ноҳия барои заҳмати софдилона дар пешрафту ободонии ин гӯшаи дурдасту хушманзараи кишварамон ва барои истиқболи самимии Роҳбари давлат изҳори сипос менамоям.

Ду сол пеш ҳангоми сафар ба ноҳия ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ва Балҷувон — Сари Хосор ба Ҳукумати мамлакат супориш дода будам.

Бунёди роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, ки маблағи умумии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии он беш аз 160 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида, имрӯз ба истифода супорида шуд.

Роҳи зикршуда имконият медиҳад, ки мушкилоти сокинон ва интиқоли молу маҳсулот ба тамоми минтақаҳои кишвар бартараф гардад.

Ҳамзамон бо ин, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон — Сари Хосор ба масофаи 33 километр ва арзиши лоиҳавии 85 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои замонавии роҳсозӣ идома дошта, то имрӯз аз маблағи умумии зикршуда барои бунёди 22 километр роҳ 26 миллион сомонӣ сарф шудааст ва муҳлати ба истифода супоридани он тирамоҳи соли 2021 пешбинӣ гардидааст.

Роҳҳои зикршуда, бешубҳа, ба рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ноҳияҳои атрофи онҳо, аз ҷумла, ноҳияи Балҷувон ва деҳоти Сари Хосор, инчунин, пешрафти бахши сайёҳӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар баробари ин, хотирнишон бояд кард, ки роҳҳои дохилии ноҳия то ҳанӯз дар ҳолати ногувор қарор дошта, ба таъмиру таҷдид ниёз доранд.

Тайи як соли охир зиёда аз 40 километр роҳҳо азнавсозӣ ва таъмир карда шуда, дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолият зиёда аз 320 километр роҳҳо таъмиру таҷдид карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Балҷувон вазифадор карда мешаванд, ки барои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Соли 2017 зимни мулоқотамон бо шумо масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияту захираҳои мавҷудаи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, роҳбарону масъулонро вазифадор карда будем, ки доир ба истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин, инчунин, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои беҳсозии рӯзгори сокинони ноҳияи Балҷувон, бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешида, танҳо дар зарфи 12 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 280 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 375 иншоот, аз ҷумла 8 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таълимӣ, 22 муассисаи тиббӣ, 13 меҳмонхона, 35 маркази хизматрасониву савдо, 7 пул, 20 майдончаву толори варзиш, 7 иншооти фарҳангу фароғат, таъмиру барқарорсозии 326 километр роҳҳои дохилӣ ва кашидани хатти оби ошомиданӣ дар 15 деҳа пешбинӣ шудааст.

То имрӯз 22 лоиҳа пурра амалӣ гардида, ҳоло корҳои сохтмон дар 150 иншоот идома доранд.

Танҳо соли 2019 ба истифода додани 120 иншоот ва аз ин шумора то моҳи сентябри соли ҷорӣ, яъне то ҷашни истиқлолият 40 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки аз шумораи умумии лоиҳаҳои дар нақша пешбинигардида 80 фоиз аз ҳисоби соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ, яъне бидуни ҷалби маблағҳои буҷетӣ анҷом дода мешавад.

Дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба истифода супоридани беш аз 25 иншооту биноҳо дар назар дошта шудааст ва мо имрӯз дар маросими ифтитоҳи чандин иншооти нав ширкат доштем.

Таҳлили вазъи соҳаҳои мухталифи ноҳияи Балҷувон нишон медиҳад, ки заҳматкашони ноҳия, хусусан, солҳои охир ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.

Вале таъкид бояд кард, ки дар ноҳия захираву имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда хеле зиёданд. Яке аз мушкилоте, ки дар ноҳия ба назар мерасад, ҳоло ҳам зиёд будани шумораи бекорон мебошад.

Барои ҳалли ин масъала мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия метавонанд якҷо бо соҳибкорони маҳаллӣ тавассути бунёд намудани коргоҳу корхонаҳои хурду миёна, аз ҷумла инфрасохтори сайёҳӣ, доир ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, самаранок ва мақсаднок истифода намудани замин аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бунёд ва ташкили ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ муваффақ шаванд.

Хотиррасон менамоям, ки фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи натиҷаҳои ташкили ҷойҳои корӣ ва ҷалб намудани сармоягузории мустақим арзёбӣ мегардад.

Ман борҳо таъкид карда будам, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чаҳоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Балҷувон вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, рушди саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ тақвият бахшида, ҳамкориро бо бахши хусусӣ ҳарчи бештар вусъат диҳанд.

Вобаста ба ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Саридораи геология, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Балҷувон вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзиши геологиву иктишофӣ, ба тавозуни давлат гирифтан ва мавриди истифода қарор додани сарватҳои зеризаминии ноҳия, аз ҷумла сурбу руҳ дар мавзеъҳои Сурбиён ва Санги Сабз, нафт дар деҳаи Гулдара, зуҳуроти тиллои пошхӯрдаи деҳаи Муллоконӣ, зуҳуроти гилхоки қитъаҳои Ҷанубӣ ва Шимолии Гулдара, обҳои минералӣ ва табобатӣ чораҷӯӣ намоянд.

Мувофиқи маълумот ҳиссаи коркарди нафту газ дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия назаррас буда, соли гузашта истеҳсоли нафт ба 1600 тонна ва аз аввали сол то имрӯз ба 800 тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 зиёд мебошад.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 21 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия асосан аз ҳисоби истеҳсоли нафт 37 фоиз таъмин шудааст. Имрӯз дар ноҳия як корхонаи замонавии дӯзандагӣ ба истифода дода шуд, ки аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст.

Бо дарназардошти захираҳои мавҷуда, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони корхонаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷойдошта чораҳои саривақтӣ андешанд.

Илова бар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди ашёи хоми маҳаллӣ чорабиниҳои иловагӣ таҳия намоянд.

Истифодаи самараноки имкониятҳои фаровон, бахусус, дар самти рушди сайёҳӣ, захираҳои табиӣ ва коркарди онҳо, гиёҳу чашмаҳои шифобахш ва маконҳои таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои муассири таъмин намудани пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ мебошад.

Аммо хотирнишон менамоям, ки имкониятҳои зикршуда дар ноҳияи Балҷувон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар самаранок истифода намешаванд.

Яке аз омилҳои дигари дар сатҳи зарурӣ рушд накардани сайёҳӣ дар ноҳия ба эътибор нагирифтани талаботи соҳа дар вақти таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад.

Зеро аксари мавзеъҳои барои бунёди иншооти сайёҳӣ мувофиқ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шудаанд ва чунин вазъ ҳангоми ба соҳибкорон ё ширкатҳои сайёҳӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин монеа эҷод мекунад.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти зикршуда Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва рушди маҳал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувонро зарур аст, ки барои муайян намудани мавзеъҳои сайёҳӣ, дастгирии соҳибкорон барои бунёди иншооти сайёҳӣ дар мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ноҳия, ташкили хатсайрҳо, густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо вуҷуди он, ки Балҷувон ноҳияи нисбатан навбунёд ба ҳисоб меравад, вале таърихи қадима ва бой дорад ва моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихиро барои насли оянда, аз ҷумла сайёҳон обод кунем ва истифодаи самараноки онҳоро ба роҳ монем.

Вобаста ба ин ёдовар мешавам, ки яке аз ёдгориҳои ҷолиби таърихии ноҳия Қалъаи Мири Балҷувон ба ҳисоб меравад, ки дарвозаи он соли 2017 аз нав таъмир карда шуд. Дар баробари ин, асбобу ашёи гуногуни қадимае мавҷуданд, ки бояд дар осорхонаи замонавӣ нигоҳ дошта шаванд.

Азнавсозии Қалъаи Мири Балҷувон ва сохтмони осорхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ноҳия бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатӣ оғоз гардидааст.

Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби соҳибкорон то ҷашни 30-солагии истиқлолият ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани азнавсозии қисматҳои боқимондаи Қалъаи Мири Балҷувон ва бунёди осорхона чораҳои иловагӣ андешанд.

Дӯстони азиз!

Ноҳияи Балҷувон имконият дорад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ва соҳибкорони маҳаллӣ тавассути насби пойгоҳҳои обкашӣ зиёда аз 1000 гектар заминҳои навро дар мавзеъҳои Сӯфиамон, Сафедчашма ва Чорчашма аз худ намояд.

Чунин иқдом ба рушди иқтисодиёти ноҳия, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари аз худ намудани заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои боир низ вазифаи роҳбарону мутахассисони ноҳия ва дигар вазорату идораҳо мебошад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар ноҳияи Балҷувон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, соли 2018 кишоварзон ба маблағи 210 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2017-ум ҳамагӣ 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад, вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти табиат ва шароити иқлими ноҳия нокифоя ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, тибқи таҳлилҳо сокинони ноҳия аз ҳисоби мева, гиёҳҳои шифобахш, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ даромади хуб гирифта истодаанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи захираву нигоҳдорӣ, ҳамлу нақли маҳсулот ва нигоҳубини боғҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Зеро талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ба маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, хусусан, меваҷоти ноҳия зиёд мебошад.

Ноҳияи Балҷувон барои тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ низ шароити хуби табиӣ дорад ва тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, саршумори чорво ва истеҳсоли маҳсулоти он пайваста тамоюли болоравӣ дошта бошад ҳам, парвариши чорвои хушзот ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ намебошад.

Инчунин, набудани коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва анбору яхдонҳои нигоҳдории маҳсулот аз ҷумлаи мушкилоти чорводорони ноҳия мебошад.

Ҳамзамон бо ин, зикр бояд кард, ки масоҳати заминҳои корами ноҳия қариб 4500 гектарро ташкил медиҳад, аммо на ҳамаи қитъаҳои замин, алалхусус, аз ҷониби хоҷагии ҷангал самаранок ва мақсаднок истифода карда мешаванд.

Ҳалли масъалаи зикршуда барои таъсис додани садҳо ҷойи нави корӣ ва баланд бардоштани даромади хоҷагиҳо заминаи устувор мегузорад.

Бинобар ин, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таъмини истифодаи самаранок, оқилона ва мақсадноки заминҳои вобасташуда ва муайян кардани намуди заминҳои таҳти истифода қарордошта тибқи тартиби муқарраршуда ҳисоботи ҷории заминро гузаронанд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар соҳаи маорифи ноҳияи Балҷувон муттасил рушд карда, маблағгузории он аз 9 миллион сомонии соли 2014 ба беш аз 17 миллион сомонӣ дар соли 2019 расидааст, ки хеле назаррас мебошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият дар ноҳияи Балҷувон 34 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 4400 ҷойи нишаст ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2600 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 14 миллион сомонӣ идома дошта, бунёди онҳо то охири соли равон анҷом дода мешавад.

Инчунин, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра таъмир карда шуда, имрӯзҳо ба истифода дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда соҳаи маориф дар ноҳия нисбат ба дигар соҳаҳо мушкилоти бештар дорад. Мутобиқи маълумот ҳолати бисёр муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бунёди муассисаҳои таълимии аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна сохташаванда бо сабаби ба таъхир афтодани имзои созишномаи сармоягузорӣ то ҳанӯз оғоз нагардидаст.

Ҳукумати кишвар, ҳамчунин, ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳои пайваста меандешад.

Бо туфайли чунин ғамхориҳо давоми солҳои 1997-2018 311 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тариқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии касбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳоло аксарияти онҳо дар бахшҳои мухталифи ноҳия фаъолона заҳмат кашида истодаанд.

Соли ҷорӣ тибқи квотаи Президентӣ 19 нафар хатмкунандагони ноҳия таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар идома медиҳанд.

Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Хатлон 64 нафар ҷавонони ноҳия таҳсил доранд, ки аз ин шумора 42 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ мебошанд.

Бо вуҷуди ин, дар ноҳияи Балҷувон норасоии кадрҳои баландихтисоси маорифу тандурустӣ ва соҳаи хизматрасонӣ ба мушоҳида мерасад ва аз ин лиҳоз, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бояд барои ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои олии кишвар барои дастгириву бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вазъи ноороми ҷаҳони муосир шаҳрвандони кишварро вазифадор месозад, ки ба хотири таъмини суботу оромӣ ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошанд ва бо заҳмати софдилона кишвари худро боз ҳам нерӯманд гардонида, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ тарбия намоянд.

Зеро халқи таҳаммулгарову сулҳдӯсти тоҷик бо такя ба хиради аҷдодиву фарҳанги тамаддунсози худ дар зарфи бисту ҳашт сол бо гузоштани қадамҳои боэътимод тавонист, ки сохтори конститутсионии давлати худро ҳифз намояд, аркони давлати навини ҳуқуқбунёди миллии хешро бунёд созад ва таҳким бахшад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо бояд ба истиқлолияту озодӣ ва арзишҳои маънавии худ арҷ гузорем ва барои ҳифзу пойдории онҳо саъю талош варзем.

Итминони комил дорам, ки мардуми меҳмоннавозу ҳимматбаланди ноҳияи Балҷувон минбаъд низ барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Ватани азизамон саъю талоши худро дареғ намедоранд.

Дар фарҷом, ҳамаи шумо — ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳияи Балҷувонро ба муносибати 28-солагии ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон — истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги мардуми ноҳия тансиҳативу хонаи обод ва баракати рӯзгор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Tags: