Президенти Қазоқистон ба нест кардани идеологияи терроризм даъват кард

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев даъват кард, ки идеологияи асосии терроризм нест карда шавад.
Дар паём ба иштирокдорони конфронси байналмилалии «Дин зидди терроризм» Н. Назарбоев ба кӯшишҳои муштарак баҳри мубориза бо терроризм даъват кард. Ба таъкиди ӯ, дар муборизаи муносиб бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ кӯшишҳои бештари муштарак заруранд. Бисёр муҳим аст, ки ба нест кардани идеологияи асосии терроризм, аз ҷумла бо роҳи корҳои густурдаву босифати маорифпарваронаи фаъолон, рӯҳониён, роҳбарони афкори ҷомеа ва ВАО талош кард.
Дар конфронси байналмилалии «Дин зидди терроризм» беш аз 60 ҳайат аз 41 кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар арафаи ҷаласаи навбатии Котиботи Анҷумани роҳбарони динҳои ҷаҳонӣ ва расмӣ, ки 1 июн дар назар аст, доир шуд.