Ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон-Наврӯзи хуҷастапай 24 марти соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор мешавад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони кишвар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМБ дар назар аст.
Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор аст.
Марҳабо ба мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ба Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, то шоҳиди ҳунару маҳорати паҳлавонони мамлакат дар ҷашни миллии аҷдодӣ бошед.
АМИТ «Ховар»