Перу аз ҳаққи мизбонии Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни ҷавонон (U-17) маҳрум шуд

Комиссияи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) қарор қабул кардааст, ки мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни ҷавонони то 17- соларо иваз намояд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бояд Чемпионат соли равон дар Перу баргузор мегардид. Вале зимни  боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохӯрӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор кардаанд. Аз ин рӯ FIFA қарор қабул намудааст, ки макони баргузории чемпионати ҷаҳонро иваз намояд.

«Ташкилоти ҷаҳонии футбол ба Федератсияи футболи Перу ва ҳукумати ин кишвар барои пешниҳоди омодагӣ дар мусобиқаҳои оянда изҳори сипос менамояд. FIFA дар наздиктарин фурсат алтернативаи мизбони чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад», — омадааст дар гузориши FIFA.

Бояд гуфт, ки қарор оид ба баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул гардид. Тибқи тақвими мусобиқот, чемпионат бояд аз 5 то 27 октябр баргузор шавад.

Ёдрас менамоем, ки дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: