АВВАЛИН БАРНОМАҲОИ «АХБОР» АЗ 3 ДАҚИҚА ИБОРАТ БУДАНД. Имрӯз ба таъсиси Телевизиони Тоҷикистон 59 сол пур шуд

Имрӯз   аз фаъолияти расмии Телевизиони Тоҷикистон 59 сол сипарӣ шуд. Соли 1956 сохтмони бинои телевизион ва маркази техникӣ оғоз ёфта, соли 1959  ба  анҷом расид. Телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 ба кор шурӯъ намуд, ки ин як рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти Тоҷикистон буд.  

Аввалин директори Телевизиони Тоҷикистон нозири шуъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон Обид Ҳомидов таъйин шуд. Аввалин сармуҳарррири телевизион Иброҳим Раҳматов буд ва барои равнақи кори телевизиони навтаъсис ҳамчунин мутахассисон Зайнаб Ғуломова, Улмасой Мухторова, Акбар Ҷураев, Пулодой Азимова, ки маълумоти филологӣ доштанд, ба кор даъват шуданд.

Нахустин наттоқон, аз ҷумла  Рафоат Абдусаломова бо салому паёми худ ба экрани телевизон ҳусни оғоз бахшиданд.

Он вақт барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд ва  дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекарданд. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 1959 дар пойтахт-шаҳри Душанбе қариб 300 адад телевизор мавҷуд буда, аз он бинандагон ғизои маънавӣ мегирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки  2  феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият сар кард ва  аз 1  июли ҳамин сол  пахши намоишҳо ҳамарӯза гардиданд.

Соли 1961 Идораи «Тоҷиктелефилм» таъсис ёфта,  бо эҷоди филмҳои бадеӣ, мустанад, тасвирӣ ва филм-консертҳо фонди «тиллоӣ»-и Телевизиони Тоҷикистонро ғанӣ гардонид.

Аввали соли 1965 барномаҳои ҳаррӯзаи иттилоотии «Навигариҳои телевизионӣ» ба «Ахбор» бо забони русӣ (Новости)  табдили ном кард. Тайи  солҳои 60-70-ум барои беҳтар намудани сатҳи намоишҳои телевизонӣ ва ҷалби тамошобинон заҳмати шоирону нависандагон Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, Фотеҳ Исҳоқӣ, Баҳром Фирӯз, Муҳиддин Хоҷаев, Раҳмон Остонов, Ато Ҳамдам, Иноят Насриддин, ки дар идораи адабиёт ва фарҳанг вазифаи сармуҳаррирро ба уҳда доштанд, хеле назаррас мебошад.

Дар қисмати русии идораҳои Телевизиони Тоҷикистон шоирони русзабон Михаил Табачников, Сергей Корнеев, Эдуард Карпухин фаъолият дошта, барномаҳои гуногунмазмун таҳия мекарданд.

Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта намоишҳои «Чойхонаи Дилкушо», «Беғараз панд», «Театр ва тамошобин» барои тамошобинон маҳубияти хосса доштанд ва ҳамзамон дар ташаккули маънавию тарбиявии мардум саҳми калон доранд. Барои ҷолибият ба ин барномаҳои телевизионӣ коргардонҳо Шодибек Ҳотамбеков, Наим Латифов, Соҷида Ғуломова, Музаффар Ғаниев, Иззат Самадов обуранги бадеӣ дода, диққати тамшобинро бештар ҷалб менамуданд.

Дар натиҷаи тараққиёти техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва талаботи замон аз 25 январи соли 1975 дар Телевизиони Тоҷикистон пурра таҷҳизоти техникӣ иваз гардида, стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад, яъне тамошобин имконият пайдо намуд намоишҳоро бо тасвири ранга бинад.

Аввали солҳои 1980-ум барои иваз намудани дастгоҳҳо барои сабту танзими барномаҳо дар студияи якум АСБ-4 «Переспектива»-и ранга гузошта шуда, дастгоҳҳои дукамеравӣ дар студияҳои дуюму сеюм ҷой дода шуданд. Кормандон бо камераҳои телевизионии журналистӣ (ТЖК) таъмин гардида, барои танзиму пахши оҷилии барномаҳо шароити мусоид фароҳам гардид. Ҳамчунин хатти радиорелеи Ленинобод-Нефтобод-Шӯроб сохта шуда, радиорелеи баландкӯҳи самти Душанбе-Ҷиргатол мавҷи телевизионро то Роғун расонид.

Алҳол  дар таҳияи барномаҳои телевизион намояндагони зиёда аз 40  касбу кори гуногун иштирок менамоянд, аз ҷумла, сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррир, муҳаррири хурд, саркоргардон, коргардонҳои дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, ёварони коргардон, корсоз, наворбардорони дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, тасвирбардорон, садобардорон, пардозгар, рӯшноидиҳандагон, рассомон ва ғайраҳо.

Роҳбарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро   дар давраҳои гуногун  Атахон Сайфуллоев, Бобоҷон Икромов, Бобохон Маҳмадов, Сайф Раҳимов, Убайдулло Раҷабов, Абдуҷаббор  Раҳмонов ва Асадулло Раҳмонов  ба уҳда доштанд.

Хотиррасон менамоем, ки шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  «Варзиш», «Синамо»,  «Футбол» ва «Шаҳнавоз»      аз зумраи шабакаҳое мебошанд, ки   дар солҳои соҳибистиқлолии  мамлакат таъсис ёфтаанд.

  

Бояд ёдовар шуд, ки 3 сентябри  соли 2005 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба фаъолият оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими  тантанавии  кушодани он  ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти ин шабакаи тозабунёди телевизионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшиданд.

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон»  таъсис ёфт ва  4 сентябри соли 2006  шабакаи мазкур ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. «Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон»    ҳар рӯз аз соати 7 то соати 22 намоишҳои гуногуни омӯзишӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва барномаҳои шавқовари фароғатиро  пешкаши бинандагон менамояд.

1 марти соли 2016 бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз ду шабакаи телевизионӣ — муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Варзиш» ва  «Синамо»  ба фаъолият оғоз намуданд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ онҳоро ифтитоҳ намуданд ва зикр карданд, ки нишондиҳандаҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шаванд.

13 ноябри соли 2017  Телевизиони мусиқии Тоҷикистон бо номи «Шаҳнавоз» таъсис дода шуд.

Пахши барномаҳо дар шабакаҳои мазкур  мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда шудааст, ки ин омил имконият медиҳад намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш гарданд. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад.

Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизиони «Варзиш» ва «Синамо»- ро дар якчанд давлати дунё ба воситаи моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз ин намоишҳо бархӯрдор мегарданд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии  ҷумҳурӣ   ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад.  Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.

Дар студияи якуми Телевизиони Тоҷикистон таҷҳизоти (20.8 Х 14 Х 8) иваз карда шуд. Айни ҳол телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо — аз Япония то Франсия ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

 Таҳияи
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Tags: