Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

17.08.2018, Ӯзбекистон

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17-18 августи соли 2018 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом пазируфт.

Дар рафти мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ, гуфтугӯи ошкор ва созанда сурат гирифт, Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами вазъи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмиқи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба, ки тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро фаро мегиранд, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро ба тарзи муфассал муҳокима намуданд.

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-гуманитарии байнидавлатӣ, инчунин тамоюли рушди мунтазам ва мутақобилан судманди ҳамкориҳоро байни ду кишвар бо қаноатмандӣ таъкид намуда,

бо такя ба принсипҳои устувори дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигар, инчунин бо назардошти умумиятҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангии мардумони ду кишвари бародар ва ба роҳбарӣ гирифтани муқаррароти Аҳдномаи дӯстии абадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000,

бо эътиқод бар он, ки баровардани муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи шарикии стратегӣ барои ҳамкориҳои минбаъдаи созанда ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои дурнамои дарозмуддат такони нав ва қавӣ хоҳад дод,

бо дарки амиқи масъулияти баланди худ ҷиҳати таҳкими сулҳу суботи чаҳонӣ, таъмини рушд ва шукуфоии тамоми минтақа,

эълом медоранд:

1. Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба шарикии стратегӣ, ки дар рафти сафар ба имзо расид, барои рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории байни ду давлат ва мардум, инчунин барои сулҳ, субот, амният ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хидмат хоҳад намуд.

Дар ин робита, Тарафҳо азми қавии худро барои идомаи фаъолияти муштарак ҷиҳати нигоҳ доштани тамоюли баланди инкишофи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, таъмини татбиқи саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои басташуда таъкид намуданд.

2. Сарони давлатҳо, бо изҳори қаноатмандӣ қайд намуданд, ки ба туфайли талошҳои муштарак Сарҳади давлатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарҳади дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ табдил гардид, ки он ба манфиатҳои ҳаётан муҳими ду мардуми ба ҳам бародар ҷавобгӯ мебошад.

Тарафҳо аҳамияти идомаи татбиқи Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон махсус қайд намуданд.

3. Сарони давлатҳо ба вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 март дар ш. Остона баргузор гардид ва дар он масъалаҳои мубрами рушди минтақа ва пешниҳодот оид ба батанзимдарории ҳамкории самаранок муҳокима гардиданд, баҳои баланд доданд. Омодагӣ барои ба таври мунтазам баргузор намудани чунин вохӯриҳо таъкид гардид. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистонро оид ба баргузор намудани вохӯрии навбатӣ дар соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол ва дастгирӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои мусбати ислоҳоти миқёсан бузург дар Ӯзбекистон ва ташаббусҳои муҳимми байналмилалиро, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ кардааст, қайд намуда, изҳор дошт, ки онҳо дар баробари таҳкими иқтидори кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таҳкими эътибори байналмилалӣ шароити мусоидро барои ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ фароҳам меоранд.

4. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев натиҷаҳои босамари тадбирҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷомдода, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона гардидаанд ва саҳми назарраси ӯро дар рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусбат арзёбӣ намуд.

5. Сарони давлатҳо аҳамияти хос ва калидӣ доштани тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро бори дигар таъкид намуданд.

Тарафҳо бо қаноатмандӣ афзоиши дукаратаи ҳаҷми савдои дуҷонибаро дар соли сипаришуда қайд намуда, бо назардошти тамоюли мусбат ва мавҷудияти иқтидори бузург, омодагии худро барои бо кушиши муштарак афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар ояндаи наздик, иброз намуданд.

Дар робита бо ин Тарафҳо ҳавасмандии худро барои диверсификатсияи минбаъдаи номгӯи гардиши савдои дуҷониба, чоннок гардонидании ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, ташкили корхонаҳои муштарак, такмил додани шароити амалиётҳои содиротӣ ва воридотӣ иброз намуданд.

Тарафҳо бо қаноатмандӣ аҳамияти идомаи иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷумани соҳибкорон дар қаламрави хар ду давлат қайд карда, иброз доштанд, ки онҳо барои ба роҳ мондани алоқаҳои бевосита байни ҷамъиятҳои соҳибкории Тарафайн мусоидат хоҳанд кард.

Сарони давлатҳо ташкил намудани намоишгоҳ “Дар Тоҷикистон истеҳсол гардидааст” ва баргузории Анҷумани муштараки соҳибкоронро дар чаҳорчӯбаи сафари давлатӣ дар ш.Тошканд бо хушнудӣ истиқбол намуданд.

Президентҳо ба кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баҳои мусбат доданд.

Дар ин робита, нақши калидии Комиссия, ҳамчун механизми босамари ҳамоҳангсозӣ ва рушди самарабахши  тамоми маҷмӯи масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ қайд гардид.

Ҷонибҳо тамоюли мусбати дар тавсеа ва таъмиқи робитаҳо байни минтақаҳои ду давлат мушоҳидашавандаро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ таъкид намуданд.

Дар ин росто, аҳамияти пайгирона дар амал татбиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, ки 9 марти соли 2018 дар ш.Душанбе ба имзо расид, қайд гардид.

6. Сарони давлатҳо аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкорихоро дар истифодаи ҳамаҷонибаи имконоти нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитии хар ду давлат бори дигар таъкид намуда, натиҷаҳои ба даст овардашударо дар ин соҳа қайд намуданд.

Дар робита ба ин, ба мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар барои идомаи коркарди масирҳои нави транзитии автомобилӣ, роҳи оҳан, авиатсионӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ин соҳа дастур дода шуд.

Тарафҳо ҳавасмандии худро дар таъмиқи минбаъдаи ҳамкорӣ дар масъалаи ба тарзи самаранок истифода бурдани долонҳои мавҷудбудаи транзитӣ-нақлиётӣ барои интиқоли борҳо тавассути роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намуданд.

Президентҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоиро аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд истиқбол намуданд, ки он ба тавсеаи муносибатҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни ду давлат ва мардуми ба ҳам бародари онҳо мусоидат менамояд.

7. Сарони давлатҳо бо ишора ба умумияти бисёрасраи таърихию фарҳангии ду мардуми бародар ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Тарафҳо тамосҳои мустақим ва барқарор гардидани робитаҳоро байни доираҳои илмиву эҷодӣ ва муассисаҳои дигари соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои зиёди тарафайнро бо иштироки ходимони фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ҳамдигарфаҳмии бештар ва наздиктар шудани мардуми ду кишвар мусоидат мекунад, бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

Президентҳои ду кишвар бо таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои вусъат додани муносибатҳои тарафайн дар соҳаи маориф ва илм аҳамияти Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро, ки дар доираи боздиди давлатӣ ба имзо расидааст, таъкид намуданд.

Тарафҳо минбаъд ҳам кӯшиш хоҳанд намуд. ки барои ӯзбекон ва тоҷикони дар қаламрави онҳо сукунатдошта ҷиҳати ҳифз ва инкишоф додани забони модарӣ, фарҳанги миллӣ ва расму анъанаҳо шароити мусоид фароҳам созанд.

8. Президентҳо ба ҳукуматҳои ҳар ду кишвар супориш доданд, ки оид ба масъалаи такмил додани омӯзиш ва омӯзонидани забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, тавсеаи шабакаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, ба тарзи матлуб ба роҳ мондани ҳамкориҳо доир ба мубодилаи китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва асарҳои илмӣ, инчунин дастгирии тарҷумаи осори адабии классикӣ ва нависандагону шоирони муосири ду кишвар, тадбирҳои амалӣ андешанд.

9. Тарафҳо пурра ба фаъолият даромадани нуқтаҳои гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро бо қаноатмандӣ қайд намуда, аҳамияти таъмини муназзами кори сохторҳои дахлдори наздисарҳадиро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати одамон, сармоя, молу хизматрасониҳо махсус таъкид карданд.

Сарони давлатҳо ба ҷорӣ намудани низоми бераводид то 30 рӯз барои сафарҳои мутақобили шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар муддати кӯтоҳ афзоиши чандкаратаи сафарҳои байниҳамдигарӣ ва таҳкими алоқаҳоро байни мардумони ду кишвар таъмин сохт, баҳои мусбат доданд. Тарафҳо барои минбаъд ҳам озодтар кардани низоми раводидҳо корро идома медиҳанд.

10. Президентҳои ҳар ду кишвар ақидаи ягона доранд, ки боло рафтани сатҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа, ҳамоҳанг сохтан ва ба танзим даровардани ҳамкориҳоро байни сохторҳои дахлдори Тарафҳо тақозо мекунад.

Дар ин замина, самарабахшии ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятии ду кишвар, инчунин зарурати татбиқи созишномаҳои баимзорасида дар бораи ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва Узбекистон қайд гардид.

11. Сарони давлатҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ диққати махсус зоҳир намуданд.

Дар ин робита, роҳбарони ду давлат ба имзо расонидани созишномаи ҳамкориро байни ду кишвар истиқбол намуданд.

12. Президентҳо фаъолияти муштараки гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро оид ба масъалаи безарарсозии минтақаҳои монеаҳои муҳандисӣ дар қаламрави сарҳадии ду кишвар мусбат арзёбӣ карда, зарурати анҷом додани корро дар ин самт то охири соли 2019 бори дигар таъкид намуданд.

13. Президентҳо истифодаи муштараки захираҳои обӣ-энергетикиро, ки барои ба даст овардани рушди устувор, некӯаҳволӣ ва шукофоии Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи давлатҳои минтақа, бори дигар таъкид намуданд. Аҳамияти муколамаи кушод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои созанда, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, одилона ва оқилона дар ин соҳаҳо кайд карда шуд.

Тарафҳо оид ба омӯзиши масъалаи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар қаламрави Тоҷикистон дар дарёи Зарафшон ба мувофиқа расиданд. Роҳбарони ду давлат ба Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ супориш доданд, ки масъалаи истифодаи оби ошомидании кӯли Сарез ба манзури таъмини ниёзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Тарафҳо ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 (ш. Душанбе 20-22 июни соли 2018) баҳои мусбат доданд ва омодагии худро барои иштироки фаъолона дар татбиқи эъломияи хотимавӣ ва дигар санадҳои ниҳоии Конфронс изҳор намуданд.

Президентҳо дастгирии якдилона ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро оид ба “Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилаллии таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, бо қаноатмандӣ қайд карданд ва нияти давом додани ҳамкориҳоро дар пешбурди татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ изҳор намуданд.

14. Президентҳо ҳамфикранд, ки дар масъалаҳои байналмилалӣ ҳалли ҳар гуна зиддият ва ихтилофҳо танҳо бо роҳи сиёсӣ, тавассути гуфтушунидҳо ва воситаҳои дигари осоишта, бо риояи қатъии меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳое, ки дар Оинномаи СММ дарҷ гардидаанд, имконпазир мебошад.

Тарафҳо тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар арсаи байналмилалӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Исломӣ, инчунин ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд.

Президентҳо натиҷаҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба  Афғонистон “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамгироии минтақавӣ” (ш. Тошканд, 26-27 марти соли 2018) ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароиро (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) ба таври мусбат арзёбӣ карданд.

15. Тарафҳо аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки хислати таърихӣ дошт, қаноатмандӣ изҳор намуданд ва қайд карданд, ки гуфтушунидҳои баргузоршуда ва ҳуҷҷатҳои дар рафти сафар баимзорасида ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф такони нав медиҳанд ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми назаррас мегузоранд.

16. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва тамоми мардуми Ӯзбекистон барои меҳмоннавозӣ, пазироии самимии меҳрубонона, ки ба ҳайати Тоҷикистон расонида шуд, изҳори миннатдорӣ намуд ва аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурсатҳои муносиб ташриф орад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
  Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев
     

шаҳри Тошканд, 17 августи соли 2018

АМИТ"ХОВАР"