Шоми имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Дар консерт устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад, ҳунарнамоӣ мекунанд.
Шералӣ Ҷӯраев ба тоҷикӣ низ чандин тарона, аз ҷумла, «Ушшоқи Самарқанд», «Намак дар комҳо…», «Эй ҷони ман аз ман марав» ва ғайраҳо сурудааст, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд доранд. Инчунин коршиносон саҳми ӯро дар рушди робитаҳои фарҳангии ду давлати ҳамҷавор ва дӯст-Тоҷикистону Ӯзбекистон назаррас арзёбӣ мекунанд.
Шералӣ Ҷӯраев соли 1947 дар Ӯзбекистон таваллуд шуда, фаъолияти эҷодии худро соли 1972 пас аз хатми Донишкадаи санъати Тошканд оғоз намудааст. Нахуст ӯ дар ансамбли тарона ва рақси «Шодлик» то соли 1979 фаъолият намуда, сипас аз соли 1979 то соли 1986 дар Филармонияи вилоятии зодгоҳи худ-шаҳри Андиҷон кор кардааст. Аз соли 1986 ба ҳайси овозхон дар Филармонияи Тошканд фаъолиятро идома медиҳад.
Шералӣ Ҷӯраев давоми фаъолияти эҷодии худ беш аз ҳазору панҷсад суруд эҷод кардааст, ки муаллифи аксари онҳо худи ӯ мебошад. Овозхон аз эҷодиёти шоирони классики Шарқ, аз ҷумла, Саъдӣ ва Румӣ, инчунин шоирони муосири Ӯзбекистон, аз қабили Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов ва амсоли инҳо ғазалу таронаҳо сурудааст.
Сурудҳои маъруфтарини Шералӣ Ҷӯраев «Карвон» («Корвон»), «Баҳор айёми гул…», «Биринчи муҳаббатим» («Ишқи аввал»), «Ӯзбегим» («Халқи ӯзбек») мебошанд.
Охирҳои солҳои ҳаштодум Шералӣ Ҷӯраев китоби «Кӯдак-соҳиби Замин» («Ребенок — хозяин Земли»)-ро таълиф намуд. Инчунин ба филми «Шерали и Ойбарчин» сенария навишта, худаш дар нақши асосии ин филм ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 1990 ва 1995 ба ҳайси вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон низ фаъолият намудааст.
Пас аз солҳои 1995 пахши сурудҳои Шералӣ Ҷӯраев дар радио ва телевизионҳои давлатии Ӯзбекистон маҳдуд карда шуда, худи ӯ аз саҳнаҳои ҳунарии давлатӣ ва калон дур карда шуд. Баъди ба мақоми Президенти Ӯзбекистон таъйин гардидани Шавкат Мирзиёев Ҳунарпешаи халқии ин кишвар Шералӣ Ҷӯраев ва чандин овозхонҳову ҳунармандони дигар дубора ба саҳна баргаштанд ва сурудҳои онҳо дар радио ва телевизионҳои давлатӣ пахш мешаванд.
Шералӣ Ҷӯраев соҳиби ду писар ва се духтар буда, ҳарду писаронаш – Шоҳҷаҳон ва Зоиршоҳ низ овозхонанд ва ба тарзи падар суруд мехонанд. Онҳо дар Ӯзбекистон аллакай маъруфият пайдо намудаанд.
Имрӯзҳо Шералӣ Ҷӯраев пайваста пайи эҷоди оҳангу сурудҳои нав аст ва охирин клипи ӯ «Париҷон» (соли 2016) ва «Гулбадан» дар таҳияи нав (соли 2017) аз ҷониби ҳаводорони санъати волои ин ҳунарманд хуш истиқбол гардиданд.
АМИТ "Ховар"