Имрӯз нахустнамоиши филми«12 соли интизорӣ» баргузор мегардад

«12 соли  интизорӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз соати 18 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  нахустнамоиши филми ҳунарӣ доир мегардад.
Коргардони филм Муҳиддини Музаффар ва муаллиф Бахтиёр Каримов мебошанд.
Тавре директори филм Осим Орифпур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар филм матонату ҷасорат ва сабри зани тоҷик, ки 12 сол шавҳарашро интизор мешавад, нишон дода шудааст.
Нақшҳои асосиро дар филми «12 соли  интизорӣ» ҳунарманди ҷавону боистеъдод Таҳмина Раҷабова мебозад. Ӯ барандаи барномаҳои иттилоотии шабакаи телевизионии «Сафина» ва дорандаи ҷоизаи Фестивали байналмилалии синамо дар Ҳиндустон барои беҳтарин нақши занона (2013 с) мебошад.
Ҳамчунин ҳунармандони тоҷик Муҳаммадҷон Шодиев, Муҳаммадалӣ Маҳмадов, Тахмина Раҷабова, Нозим Меликов, Моҳпайкар Ёрова, Хуршед Мустафоев, Фарҳод Тухташев, Насриддин Асадуллоев, Ваҳҳоб Дӯстов ва дигарон нақш офаридаанд.
Филми навро Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ҳамкорӣ бо телевизионҳои «Синамо» ва «Танин» таҳия намудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: