Ёсин Эргашеви дусола санъати сирки тоҷикро дар Ҷумҳурии Мисри Араб муаррифӣ мекунад

8 нафар ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар фестивали сиркӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб иштирок доранд.
Фестивали сиркии Ҷумҳурии Мисри Араб 20-уми июни соли равон оғоз гардида, он муддати  се моҳ то 20-уми сентябр идома меёбад ва дар он кишварҳои зиёд санъати сиркии худро намоиш медиҳанд.
Ба ҳайати 8-нафараи Тоҷикистон ҳунарманди хурдтарини сирки тоҷик  Ёсин  Эргашев, ки ду солу се моҳ дорад, шомил аст.
Ҳамчунин  дигар ҳунармандони боистеъдоди сирки тоҷик, аз ҷумла Обид Эргашев, Далер Эргашев, Муҳаммадҷон Музаффаров, Асатулло Раҳимов, Мастона Собирова, Нилуфар Шоева ва Гулнора Ҳусейнзода санъати сирки тоҷикро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ мекунанд.
www.khovar.tj

Tags: