Корҳои сохтмонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият дар Ваҳдат

Бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат сохтмони се синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Файзрез ва як бинои иловагии мактаб дар деҳаи Гулафшон барои 400 нафар хонанда дар як баст аз ҳисоби маблағгузории волидайни хонандагон идома дорад.
Ҳамчунин дар деҳаи Қашангӣ бо маблағгузорӣ ва ҳашари умумии сокинони деҳа бунгоҳи тиббӣ иборат аз ду ҳуҷра сохта истодаанд, ки қисме аз ин сохтмонҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: