Зилзилаи навбатӣ дар Тоҷикистон

Дирӯз дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан соати 20:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ  ба амал омад.  Тибқи иттилои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маркази зилзила дар  27- километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва  165-километрии   шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор  ба қайд гирифта шуд.
Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар буд.
Тавре   корманди    Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Ҳамидулло Шарифов  иттилоъ дод,  бар асари ин ҳодисаи табиӣ деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалон, хусусан деҳаи Ҳазорчашма зарари ҷиддӣ дида, қисме аз  манзилҳои истиқоматӣ  пурра ва бархеи дигар қисман вайрон шудаанд. Айни замон Комиссияи махсус   дар ҷои ҳодиса ҳузур дошта, оқибатҳои ин офати табииро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Маълумоти муфассал баъдтар нашр мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: