Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ДДМ дар шаҳри Душанбе

Дар  раёсати филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили фарҳангию сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва ҳомиёни дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар маҳфил кушодашавии чемпионати фудболи хурд байни ҷавонони филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе доир шуда, барномаи фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯён пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Ба иттилои Робия Қурбонова, сардори шуъбаи тарбияи филиали Донишгоҳи мазкур мақсад аз баргузории маҳфил-   пеш бурдани тарзи ҳаёти солим ва  дӯст доштани Тоҷикистон аст.