Сомонаи Телевизони Тоҷикистон пас аз навсозӣ дубора фаъол шуд

Телевизиони Тоҷикистон, ки қаблан бо  номи Шабакаи якум маъруф буд, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Эмомалӣ Раҳмон номи худро ба Телевизиони Тоҷикистон иваз кард.
Бинобар ин, сомонаи расмии Телевизиони Тоҷикистон низ таҷдид ва такмил гардид. Сомона дар доменҳои www.tvt.tj  ва www.1tv.tj фаъол буда, дар ҷадидтарин технология сохта шудааст. 
Сомонаи нави телевизион аз бахшҳои «Хабар», «Сиёсат», «Иқтисод», «Фарҳанг», «Фароғат», «Ҷавонон», «Сайёҳӣ», «Чеҳраҳои Телевизион» ва ғ. иборат аст. 
Тамошобинон минбаъд метавонанд, ки аз тариқи сомона Телевизиони Тоҷикистонро ба таври онлайн тамошо кунанд. Ҳамчунин, видеомаводи идораи барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳагию фароғатӣ, ҷавонӣ ва сайёҳиро метавонанд тамошо ва дастрас кунанд. 
Инчунин, дар сомона бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ саҳифаҳои вижае чун «25 – соли Истиқлол» боз шуда, банерҳои ҷашнӣ гузошта шудаанд.  
Ҳамин тариқ, Телевизиони Тоҷикистон ва сомонаи он ҳамарӯза барои инъикоси сиёсати давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттилооти саҳеҳу саривақтӣ ҳамарӯза фаъолияти худро идома дода истодаанд. 

Tags: