ТВТ. 11.08.2022 09:50. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳрро ифтитоҳ карданд.
Бинои мазкур 4 ошёна буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи бемориҳои чашм бо фарогирии 30 кат ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои шуъбаи бемориҳои асаб бо 30 кат пешбинӣ шудааст.
Дар ошёнаи сеюм маркази саломатии шаҳрӣ ва дар ошёнаи чорум бошад, маъмурияти беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шудааст. Бинои нав барои қабули 60 нафар пешбинӣ гардида, муоина ва бистарии беморон дар шароити мусоид ба роҳ монда мешавад.
Бинои иловагии беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гаридааст. Иншоот дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира сохта шудааст.
Ҳамаи ҳуҷраҳои беморхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои ташхису табобати дақиқу саривақтии бемориҳои чашм ва асаб шароити хуби табобат муҳайё мебошад. Бинои иловагӣ бо мизи ҷарроҳӣ, катҳои функсионалӣ, микроскоп барои ҷарроҳӣ кардани чашм, инчунин дифиблятор ва манитори назди бемор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра таъмин аст. Ҳамчунин бо маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти маишӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ гардидааст.
Баъди фароҳам овардани чунин шароит табибон бо истифода аз таҷҳизоти нави ташхисӣ ба беморон хизмати баланди тиббӣ мерасонанд.
Дар бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, ки нав сохта шудааст қариб 80 нафар табиб, корманди миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ҳамарӯза ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Манбаъ: prezident.tj