Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Конибодом Паранда»-ро мавриди истифода қарор доданд

ТВТ. 11.08.2022. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад.

Фабрикаи парандапарварӣ дорои чор бино буда, дар ин ҷо имкон аст, дар як давра 100 ҳазор ва дар панҷ давра, яъне давоми як сол 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш карда шавад.

Ба таъкиди мутахассисон, чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми 40-45 рӯз ба ҳисоби миёна 2 - 2,2 кило вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд.

Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин фабрика бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи мамлакат ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мебошад.

Чӯҷаҳои гӯштии зоти бройлерӣ асосан аз фабрикаи парандапарварии “Суғд Самарқанд Паранда”-и шаҳри Хуҷанд дастрас карда мешаванд.

Дар ин ҷо ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво ва додани обу ғизо тавассути технологияи муосир, ки аз Ҷумҳуриии Халқии Хитой оварда шудааст, амалӣ карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: