Харитаҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки бо кумаки техникии Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия /TIКA/ аз чоп баромаданд, бо мақсади фарогирии бештари сайёҳону меҳмонон ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз дар заминаи рушди ҳамкории дуҷониба оид ба татбиқи лоиҳаҳои имконпазир дар соҳаи сайёҳӣ ва таблиғу ташвиқи захира ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ҳамоҳангсози Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия дар Тоҷикистон Ибраҳим Эрбир баргузор гардид.
Фаъолияти TIКA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳамкории техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат буда, намояндагии ин созмон ҷараёни расондани кумаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, фарҳанг, маориф, баланд бардоштани тахассус ва ғайра амалӣ менамояд. Дар соҳаи сайёҳӣ низ солҳои охир ҳамкорӣ бо ин ниҳод тақвият ёфта истодааст.
Дар интиҳо ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкори судманд намуданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба сайёҳӣ баргузор гардида, дар он миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.
Таҷрибаи Туркия барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, хизматрасонӣ, роҳҳои муосири тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва идораи истироҳатгоҳҳо, омодасозии мутахассисони сайёҳӣ ва дигар самтҳои бахши сайёҳӣ қобили истифода мебошад.
АМИТ «Ховар»