Низом Қосим аз нав раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд

авре қаблан хабар додем, имрӯз дар Хонаи адибон ба номи М.Турсунзода Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси кунунии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Низом Қосим барои панҷ соли оянда  аз нав  раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.

Низом ҚОСИМ (Низом Қосим пури Ҷаҳонгир) 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оғоз намуда,   дар вазиваҳои  мудири шубаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», корманди бюрои таблиғи адабиёти бадеии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди адабии маҷаллаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», сармуҳаррири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи «Садои мардум», муҳаррири пешбари нашриёти «Адиб» ва директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» фаъолият намудааст.

Солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ (аз ҲХДТ), узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини раиси Кумитаи масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ буд. Дар анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (30 июни соли 2015) раиси Иттифоқ интихоб шуд.

Аз моҳи феврали соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС ва аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи понздаҳ маҷмӯаи шеър, китобҳои  мақолаҳои адабӣ ва публитсистӣ, маҷмӯаи тарҷумаи драмаҳои назмии  Софокл, Шекспир, Готси ва Брехт мебошад. Китоби мақолаҳо, очеркҳо, мусоҳибаҳо ва маҷмӯаи тарҷумаи намунаҳои ашъори ҷаҳон ва ИДМ дар ҳоли чоп қарор доранд.

Дорандаи Ҷоизаи коргарон барои бинокорони НБО «Норак» (аз ҷониби роҳбарияти НБО ва ҳайати таҳририяи маҷаллаи  «Дружба Народов»-и Россия  таъсис ёфтааст) ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (2006), Шоири халқии Тоҷикистон (2014),  барандаи Ҷоизаи байнидавлатии ИДМ «Звезды Содружества» (2018) ва дорандаи Ордени «Меҳнат шухрати»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (2018) мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: