Нисбат ба падару модарони 30 нафар ноболиғону ҷавонон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас, аз қабили оворагардии ноболиғон ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста тадбир меандешанд. Аз ҷумла, дар мулоқоти мақсадноке, ки аз тарафи кормандони ин бахши мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ҳолатҳои зиёди ба корҳои беҳуда машғул будан ва шабона дур аз оила қарор доштани ноболиғону ҷавонон муайяну ошкор карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни баргузории чунин вохӯрии мақсаднок дар ҳудуди ноҳияи Сино, далелҳои зиёди то як поси шаб ба корҳои беҳуда ва бозиҳои компютерӣ машғул будани як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор карда шуданд.
«Аз ҷумла, аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 30 нафар ноболиғону ҷавононе, ки шабона дар интернет-кафеҳо ба ҳар гуна бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ машғул буданд, ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд. Дар ҳузури волидон ва омӯзгорони мактабҳояшон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба падару модарони онҳо санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Нисбат ба чанд нафар моликону соҳибони интернет-кафеҳо, ки бидуни доштани иҷозатнома барои пешниҳоди бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ фаъолият мекарданд, санадҳои дахлдор тартиб дода шуданд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: