НБО «Помир-1» сокинони Бадахшонро аз сардию торикӣ наҷот дод

Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 15 неругоҳи хурду бузурги обӣ вуҷуд доранд, ки калонтарини онҳо Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ба шумор меравад. Маҳз баъди ба кор андохтани ин неругоҳ мушкилоти дастрасии сокинони вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ  аз байн бардошта шуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ҳоло сокинони маркази вилоят дар чаҳор фасли сол шабонарӯзӣ бо неруи барқ таъмин мебошанд. Таҳкурсии неругоҳи «Помир-1» соли 1984 гузошта шуд, аммо то охири солҳои ҳаштодум бо сабаби коҳиш ёфтани маблағгузорӣ ва тарки кор кардани мутахассисон аз кишварҳои пасошӯравӣ  сохтмони он қатъ гардид. Он замон ба манзили сокинони шаҳри Хоруғ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, идораву корхонаҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4 ё 6 соат бо навбат неруи барқро интиқол медоданд. Шаҳрнишиноне, ки дар манзилҳои баландошёна зиндагӣ мекарданд ва кӯдакони хурдсол доштанд, манзилашонро бо ҳезуму ангиштсанг гарм мекарданд.  Ҳавои шаҳри Хоруғ пур аз ғубор буд ва дар ҳар қадам дуди ғализи ангиштсанг ба машом мерасид. Ҷангалзори аксар ноҳияҳои вилоят ба биёбони хушку холӣ табдил ёфтанд.

Аз ин рӯ бо мақсади наҷоти одамон аз сардиву торикӣ ва ҳифзи минбаъдаи табиат аз харобшавии босуръат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки  давоми на камтар аз ду сол ду агрегати ин неругоҳ бояд ба кор андохта шаванд.

Ҳамин тариқ, пас аз ду сол ду  агрегати  ин неругоҳ дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз ба кор оғоз намуданд. Соли 2005 боз ду агрегати НБО «Помир-1» бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Пешвои миллат кулли сокинони вилоятро бо ин рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир  табрик гуфта, баён доштанд, ки «имрӯз дар таърихи Тоҷикистон боз як рӯйдоди фараҳбахши муҳим ба вуқӯъ омад, ки мову шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастем. Ин лаҳзаҳо, ки навбати дуюми Неругоҳи барқи обии «Помир-1» пурра ба истифода дода шуд, на танҳо барои сокинони вилояти Бадахшон, балки барои кулли мардуми мамлакат хурсандиовар аст. Зеро ин дар роҳи истиқлоли энергетикии кишварамон дастоварди назаррас мебошад.  Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик менамоям».

Ҳоло муштариёни ширкати «Помирэнерҷӣ» дар шаҳри Хоруғ  24 соат бо неруи барқи хушсифат таъминанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: