Нашри китоби “Раҳбари дониш”-маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ”

Нашриёти «Истеъдод» китоби «Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» –ро аз чоп баровард, ки ба қалами муҳаққиқи ҷавони таърихи матбуоти тоҷик Хуршеди Ҳамдам тааллуқ дорад. Китоб ба 90 –солагии таъсиси маҷаллаи «Раҳбари дониш» бахшида шудааст.
Китоби мазкур доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули маҷаллаи «Раҳбари дониш» ҳамчун маҷмӯаи илмӣ – адабӣ маълумот дода,  авзои сиёсӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20 ва 30 – юми садаи 20-ро ба риштаи таҳлил кашидааст. Инъикоси масоили мактабу маориф, бахусус рафъи бесаводӣ, таблиғи мактабҳои шакли нав, чопи адабиёти таълимӣ, тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ, муносибатҳои миллӣ, вазъи адабӣ, мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳаёти як давраи таърихи Тоҷикистонро бозгӯ кардааст.
«Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ» зери назари Абдусаттор Нуралиев, профессор, доктори илмҳои филологӣ чоп шуда, устоди журналистони тоҷик дар сарсухани китоб  зикр кардааст, ки «маҷаллаи «Раҳбари дониш» нашрияи пурарзишест, ки барои инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои аввали Тоҷикистони мухтор ва баъдан ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси манбаи боэътимоди иттилоърасонӣ саҳми сазовор гузоштааст.  Хуршеди Ҳамдам, муаллифи рисола комилан дуруст қайд мекунад, ки «пайдо шудани маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар ҳаёти тоҷикони Осиёи Миёна ва дар пешрафти ҳаёти онҳо ҳодисаи таърихӣ буд». Зеро ба иддаои муҳаққиқон маҳз ба воситаи ин маҷалла тоҷикони берун аз марз  аз ҷомеаи сотсиалистӣ дар Тоҷикистон огоҳ мешуданд. «Раҳбари дониш» ҳатто дар Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон хонандагони худро пайдо карда буд. Дар маҷалла дарҷ гардидани чанд хабару мақолаҳо аз муаллифони хориҷи кишвар низ гувоҳи он аст».
Дар саргаҳи фаъолияти «Раҳбари дониш» устодон Садриддин Айнӣ, Собит Манофзода, Муҳаммади Мусавӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷалол Икромӣ, Азизӣ, Деҳотӣ, Турақул Зеҳнӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва дигарон қарор доштанд. Таъкиди муаллиф ба маврид аст, ки ташкили матбуоти миллӣ, ки минбари баёни розу ниёзи равшанфикрони тоҷик дониста мешавад, дар солҳои 20 – уми асри 20 заминаи ҳалли бисёре аз масъалаҳои муҳими мардуми тоҷик гардид. Дар китоб баробари осори публитсистони касбии тоҷик, мақолаҳои раҳбарони он давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон — Абдуқодир Муҳиддинов (нахустин сарвазири Тоҷикистон), Аббос Алиев (нахустин вазири маорифи Тоҷикистон) ва дигарон нашр шудаанд. Онҳо дар масоили тақсимоти ҳудудӣ – марзӣ ва муносибатҳои миллӣ матлабҳо чоп карда, барои ҳифзу ҳимояи тоҷикон бархостанд.
Масъалаҳои мактабу маориф ва фарҳангу адабиёт дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» аз ҷониби муаллиф хеле хуб таҳлилу баррасӣ шудаанд. Воқеан ҳам маҷалла дар масъалаи маҳви бесаводӣ, сохтмони мактабҳои шакли нав, ташаккули мактабу маориф, нашри адабиёти таълимӣ нақши бузурге гузошт, хоса барои ба вуҷуд овардани инқилоби маданӣ дар ҷомеа замина гардид.
Ҳамзамон маҷалла дар соҳаи рушди адабиёт низ хизмати арзанда дошта, дар баробари проблемаҳои маориф ва масъалаҳои мубрами он ба мушкилоти адабиёт, нақди адабӣ, забону хат, робитаҳои адабӣ ва тарҷума низ пардохт.
Ҳамчунин баъзе масоили марбут ба баҳсу мунозираҳои он давра низ аз назари муҳаққиқ дур намондааст. Хусусан мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забони адабии тоҷик дар маҷалла ба хонандаи ин асари илмӣ маводи ҷолиб пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус қайдҳои муаллиф ба маврид аст, ки мубоҳисаҳо дар атрофи алифбо ва забон дар «Раҳбари дониш» тавассути равшанфикрони давр аз доштани минбари озод дарак дода, намояндагони аҳли қалам тавонистанд аз ин имконият ба хубӣ истифода баранд ва дарди дилашонро барои покизагии забони тоҷикӣ ифшо созанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ҷанбаҳои пурарзиш профессор Абдусаттор Нуралиев пажӯҳиши муҳаққиқи ҷавон Хуршеди Ҳамдамро ҷолиб ва арзандаи пешниҳод ба аҳли илм донистааст.
Ба китоб Шариф Муллоев, доктори илмҳои филологӣ, дотсент ва Саъдулло Ҳайдаров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент тақриз навиштаанд.
Китоб дар ҳаҷми 128 саҳифа ва бо теъдоди 300 нусха нашр шуда, барои доираи донишҷӯёни факултаи журналистика ва муҳаққиқону пажӯҳишгарони таърихи матбуоти тоҷик пешниҳод гардидааст.

Tags: