Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон ба Россия меравад

Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод зимни сафар ба Россия бо ҳамтоёни рус ва чиниаш вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад.

«Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод ва ҳайати байниидоравӣ 20 октябр ба Брюссел, Париж ва Москва сафар карданд. Дар Москва Халилзод бо ҳамтоёни рус ва чиниаш мулоқот намуда, манфиатҳои муштараки марбут ба хотима ёфтани ҷанг дар Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард», — гуфта мешавад дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар Брюссел ва Париж Халилзод бо шарикон, аз ҷумла намояндагони ИА, СААШ (НАТО) ва СММ, барои баррасии роҳҳои беҳтарини дастгирии талошҳои фаъолона ҷиҳати ноил шудан ба сулҳ дар Афғонистон мулоқот анҷом хоҳад дод.

30 сентябр намояндаи  махсуси президенти Россия оид ба Афғонистон, Директори Департаменти дуввуми вазорати корҳои хориҷӣ оид ба Осиёи ин кишвар Замир Кобулов изҳор дошта буд, ки музокироти намояндагони махсуси Россия, ИМА, Чин ва Покистон оид Афғонистон моҳи октябр дар Москва баргузор хоҳанд шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: