Намоядагони Шпаркассен Финансгруппи Олмон аз «Амонатбонк» боздид намуданд

Дар доираи ҳамкорӣ гурӯҳи кории Фонди хазинаҳои амонатгузор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ — Шпаркассен Финансгруппи Олмон аз Бонки давлатии  амонагузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» боздид намуданд.

Тавре аз Бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар вохӯрӣ раиси раёсати  БДА «Амонатбонк»  Сироҷиддин Икромӣ  доир ба  ҳамкории судманд ва дастовардҳои назарраси дуҷонибаи «Амонатбонк» бо Фонди хазинаҳои амонатгузор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки  фаъолияти феълии «Амонатбонк» ба фаъолият ва хизматрасониҳои Фонди хазинаҳои амонатгузор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ шабеҳ аст.

Мусаллам аст,  ки аз ҷониби кормандон ва гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони фонди мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои  ҷумҳурӣ бо иштироки донишҷӯён, толибилмон, нафақахӯрон ва мизоҷон машваратҳои таълимию тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки чунин вохӯрию суҳбатҳо дар қавӣ гардонидани ҳамкорӣ  бо аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии мардум саҳми босазо доранд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда  изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»