«Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»-семинар барои китобдорони ҷавон

4 сентябр бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад,  дар «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин семинари ҷумҳуриявии китобдорони ҷавон дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» баргузор мегардад.

Семинар бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар семинар  китобдорони ҷавон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба китобдорӣ, китобдӯстдорӣ, ҷалби хонандагон ба китобхонаю китобхонӣ суҳбат мекунанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: