Нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» дар Душанбе доир гардид

Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов баргузор гардид. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, филм ба ифтихори 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва бо коргардонии Муҳиддини Музаффар дар ҳамкорӣ бо шабакаи СМ-1 шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст.

Филм муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос менамояд. Қаҳрамони асосии филм писараке бо номи Армон аст, ки падараш баҳри ҷамъ кардани маблағ барои хатнасури ӯ ба Россия рафта, бедарак мешавад. Армон бо вуҷуди хурдсолӣ мардонавор ба мушкилиҳои рӯзгор тоб оварда, худ кӯшиш мекунад, ки барои гузаронидани хатнасураш маблағ ба даст оварад. Нақши Армонро дар филм Муҳаммадшариф Раҳматуллоев хеле ҷолиб иҷро кардааст.

Дар филм Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова, ҳунармандон Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов, Сурайё Ҳакимова низ чеҳраҳои марказӣ офаридаанд. Беш аз 10 нафар кӯдакони аз 4 сола то 13-сола низ дар ин филм нақш бозидаанд.

Баъд аз намоиши филм ҳайати ҷавони киностудияи «Суғдсинамо» шарикони расмӣ ва иттилоотии филмро бо сипоснома қадрдонӣ намуда, гуфтанд, ки «Тангно» дар Соли ҷавонон ва дар остонаи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи хубест барои дӯстдорони санъати кино.

Ёдрас мекунем, ки филми мазкур 11 сентябр дар шаҳри Хуҷанд, 12 сентябр дар шаҳри Конибодом ва 14 сентябр дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд намоиш дода мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: