Наҷот аз гуруснагӣ дар Яман: 2 миллиарду 100 миллион доллар

Муовини котиби генералии СММ оид ба корҳои гуманитарӣ Стивен Обрайн зимни баромадаш дар Женева гуфт, ки аҳолии Яман дучори гуруснагист ва барои раҳоии мардум аз он бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ оҷилан қариб ду миллиарду 100 миллион доллар ҷудо намояд.
То кунун маблағи барномаи кўмакҳои башардўстона ва интиқол додани он ба сокинони Яман пардохт карда нашудааст.
Дар Яман 7 миллиону 300 ҳазор нафар сокинон аз гуруснагӣ азият мекашанд ва вуҷуди ин ҳам теъдоди онҳо бо суръат афзоиш меёбад.
Ба маълумоти коршиносони СММ дар натиҷаи нооромиҳои дохилии Яман  қариб 12 миллион нафар сокинон ба кўмакҳои башардўстона ниёз дошта, аз ин шумора ду миллион нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳои истиқоматиашонро тарк намоянд.

Tags: