МУЖДА БА ДӮСТДОРОНИ КОНКӢ: баъди навсозӣ дар боғи «Дӯстии халқҳо» майдони замонавӣ барои ин навъи бозӣ бунёд гардид

Дар арафаи ҷашни 27–солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе иншооти  зиёд  мавриди  баҳрабардорӣ қарор  мегиранд.

Яке  аз ин  иншооти ҷашнӣ — Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» мебошад, ки дар арафаи ин ҷашни фархунда дари худро ба рӯи сокинону меҳмонони пойтахт  боз мекунад ва он беҳтарин туҳфаи  идона барои истироҳату фароғати мардум мебошад. Баъди навсозӣ дар  ин  чорбоғ дар масоҳати зиёд  майдон  барои бозӣ бо конкии чархдор ва дигар намуди бозиҳои ба ин монанди бачагона бунёд гардидааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири  АМИТ «Ховар» иброз  дошанд, боғи мазкур  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулину фаъолони пойтахт, ки  15 феврали соли 2017 доир гардида буд,  навсозӣ шуда,  алҳол   корҳои  бунёдию ободонии он  дар  арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Тибқи иттилои масъулин, бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 феврали соли 2017 навсозӣ ва таҷдиди  боғи мазкур  дар масоҳати 24 гектар ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вогузор гардида, ҳар як минтақаи сохтмонии он  ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида вобаста карда шудааст.

«Боғи «Дӯстии халқҳо» яке аз марказҳои калони фарҳангӣ-фароғатии шаҳр маҳсуб шуда, лоиҳакашон ва масъулини корҳои бунёдкорӣ  бо назардошти ҷойгиршавии маҳалли иншоот ва шумораи аҳолӣ  лоиҳаи навсозӣ ва ободкории  чорбоғро   тарҳрезӣ намудаанд.

Бояд гуфт, ки  тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ масъулин зимни навсозии боғ, хусусан  роҳравҳои замонавӣ  аз масолеҳи сохтмонии ба гармову сармо тобовар истифода бурда, ба чароғонкунии дохил ва атрофи боғ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Кормандони  Боғи «Дӯстии халқҳо» низ дар қатори сохтмончиён ба корҳои ободонии боғ машғул буда,  талош доранд хизматрасониро дар боғ дар сатҳи олӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон  истироҳати бофароғати сокинон ва меҳмонони пойтахтро дар ин макони фарҳангӣ  таъмин намоянд.

Дар  боғи мазкур  чойхонаву тарабхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо усули  меъмории ба  миллати мо хос ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд гардида,  арғунчакҳои  замонавии  барои бачаҳо шавқовар  насб гардидаанд. Дар ин ҷо махсусан  майдони зебои конкибозӣ  сохта шудааст.

Итминон дорем, ки ин боғ мисли боғҳои дигарамон ба макони писандида ва дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил меёбад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Tags: