Мушаррафа Қосимова дар синни 101 аз олам даргузашт

Мушаррафа ҚосимоваҲунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди шинохтаи театру кинои тоҷик, «модари театри тоҷик» Мушаррафа Қосимова дар синни 101 аз олам даргузашт.

Ин ҳунарманди маҳбуб 19 декабри соли 1918 дар Самарқанд таваллуд шудааст. Падари вай Орифҷон Расулиро соли 1924 дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик ба пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе фиристода буданд. Соли 1930 падари Мушаррафа Қосимова оилаашро аз Самарқанд ба Душанбе овард.

Шавҳари Мушаррафа-апа Ҳунарманди Халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов низ яке аз саромадони театри тоҷик буд.

М. Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик бо намоишҳои театрӣ дар шаҳру деҳаҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, доимо дар байни мардум буд. Мушаррафа Қосимова то поёни солҳои 80, яъне беш аз 50 сол дар саҳнаи Театри академӣ-драмавии  ба номи А.Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Собиқаи ӯ дар кино аз соли  1956 оғоз мегирад. Аз офаридаҳои ӯ -Латофат  аз намоиши «Тӯй»,   Баҳор аз  «Ҳаёт ва ишқ»,   занаки гӯл аз «Гавҳари шабчароғ»,   Марианна  аз «Қиссаи модар»,     модар  аз намоиши «Бе ватан»,  Чӯтуройим  аз «Фармони кадушоҳ»,   Бӯстонбибӣ  аз «Ҷон модаракон»,   модаркалон  аз «Хатро ман навишта будам»,   Ойша-апа  аз  «Қуллаи Фудзияма»  ва даҳҳо намоишҳои дигарро метавон ном бурд.

Мавсуф дар чандин филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла, филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯрӣ дар дара», «Дарду алами Афғонистон», «Бачагии Насриддин», «Дарди ишқ», «Марди мутааллиқи ду зан» ва чандеи дигар нақш бозидааст. Бо гузашти солҳо ҳунар ва образҳои офаридаи ҳунарманд низ тағйир ёфтанд. Мушаррафа Қосимова оҳиста-оҳиста аз бозидани нақши духтарони шӯху дилбар ба образҳои замони муосир ва созандаи замони нав гузашта, ҳамин тавр то маснади модару модаркалони саҳна расид. Нақшҳои Модар аз намоиши «Беватан»,  Бӯстонбибӣ аз намоиши «Ҷон модаракон»,   Модаркалон аз асари «Номаро ман навиштаам»   ва Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»   чун беҳтарин образҳои  саҳнаи тоҷик муаррифӣ мешаванд.

М. Қосимова аз рӯзгори ба сар бурдааш ҳамеша шукрона дошту зимни суҳбатҳояш бо хабарнигорон ҳамеша фахр мекард, ки меҳнати кардааш зоеъ нарафта ва онро қадрдонӣ кардаанд.

Ин зани ҳунарманд ба ҳама насиҳат карда, сирри дарозумриашро дар зиндадилию дӯст доштани зиндагӣ медонист. Ӯ пайваста изҳор мекард, ки ҳар як шахс бояд зиндагиро дӯст дорад ва ба қадри ҳар нафаси ҳаёт бирасад.

Бояд гуфт, ки Мушаррафа  Қосимова на ҳамчун ҳунарманди маъруф,  балки ҳамчун модар  фарзандони арзанда ба олам оварда, тарбият  намудааст, ки сутуни мустаҳками санъати театр ва кинои тоҷик  маҳсуб мешаванд.

АМИТ «Ховар»