Мунтахаби Тоҷикистон (U-19) ба Ҷоми Осиё-2018 роҳхат гирифт

Тими мунтахаби ҷавонони Точикистон (U-19) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи "В" тими Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, роҳхати мустақимро ба сабқати муҳташами қора ба даст овард. Бояд қайд намуд, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё соли оянда дар кишвари Индонезия баргузор хоҳад гардид. Пирӯзӣ ба тамоми ҳаводорон ва ихлосмандони футболи ҷочик муборак бошад!

Tags: