Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон

7 апрели соли 2017 дар шаҳри Тошканд, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт, масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон инчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.

Tags: