Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк

Дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк 22 сентябр мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре ба аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, инчунин тадбирҳои муштарак оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов зимни нишаст аз баргузории Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки 16 октябри 2017 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод. С. Аслов инчунин аз ҳамтоёни хеш ҷиҳати иштироки фаъол дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», 2018-2028 даъват ба амал овард.
Аз натиҷаи вохӯрӣ изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистонро ҷиҳати баргузор намудани чорабинии сатҳи баланд бахшида ба даҳсолаи нав дар моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе истиқбол намуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: