Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Тун Абдул Раззоқ

Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии исломӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Тун Абдул Раззоқ мулоқот кард.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, мақоми хосса доштани ҳамёрӣ бо Ҷумҳурии Малайзия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Мулоқоту машваратҳои сатҳу зинаҳои гуногун дар доираи баргузории Форуми ҷаҳонии исломии иқтисодӣ имконияти мусоид барои таҳкими ҳамгироиҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишвари мо бо Малайзия ва дигар давлатҳои минтақа маънидод шуд.

Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҷанбаи амалии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Малайзияро иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.

Мусоҳибон барои афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия, ҷалби доираи соҳибкории ин давлат барои амалисозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии Шӯроб, ки дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи Малайзия пешбинӣ шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф ва сайёҳӣ, инчунин ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия арзёбӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб таҳкими ҳамдастӣ дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби асри нав, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ омодагию ҳавасмандии худро изҳор дошта, таъкид намуданд, ки муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти харобиовар на танҳо заминаи рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои мусулмониро фароҳам меорад, балки барои ҳифзи симои поки дини мубини ислом дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.