Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гҳош мулоқот намуд.

Ҳарду ҷониб аз рушди ҳамкории иқтисодӣ, ки дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ мунтазам таъмин мегардад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Деҳлӣ баргузор мегардад, самтҳои наву мутақобилан судманди ҳамкорӣ, хосса татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Tags: