Мулоқот бо коргарони НБО-и Роғун: иншооти мазкур ифтихори миллати тоҷик аст

15 апрел гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО-и Роғун аз шаҳри Роғун боздид ба амал овард.
Ин навбат гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотиро барои суҳбату мулоқот бо кормандону муҳандисони НБО-и Роғун Алиҷон Шоҳназаров, сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», адибон Абдулҳамид Самад ва Давлат Сафар шомил буданд.
Инчунин барои хотирмон гузаштани мулоқоти мазкур дастаи рақсии «Лола»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Шакарханд» гурӯҳи кориро ҳамроҳӣ намуда, табъи кормандон ва иштирокдоронро болида намуданд.
Алиҷон Шоҳназаров аз ифтихори миллати тоҷик будани НБО Роғун ёдовар шуда, гуфт: «Бо мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқӣ-обии Роғун ормонҳои миллати тоҷик амалӣ гардида, халқи тоҷик ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил хоҳад гардид. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боварии комил намуда, сотмони ин иншооти бузурги асрро ба шумо, бинокорон вогузор намуда, ҷиҳати сохтмони он шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Аз ин хотир бовар дорем, ки шумо барои дар сатҳи баланд ва зарурӣ бунёд кардани ин иншоот талош варзида, софдилона хизмат менамоед».
Дар мулоқот адибон дар назди кормандони НБО Роғун дар васфи ин иншооти азими аср шеърҳо хонда, онҳоро барои тезонидан ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонии неругоҳ рӯҳбаланд намуданд.

АМИТ "Ховар"