Миёни Тоҷикистону Озарбойҷон хатсайри ҳавоӣ барқарор мешавад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Ширкати давлатии ҳавопаймоии «AZAL»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷаҳонгир Аскаров 28 сентябр мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва рушди соҳа, инчунин эҳтимолияти барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: