Миёни Тоҷикистон ва Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

ТВТ.14.09.2022. 11 сентябр дар доираи баргузории Иҷлосияи 72-уми Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) , ки дар шаҳри Тел-Авиви давлати Исроил ҷараён дорад, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо директори Дафтари минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо Ҳанс Клюге Созишномаи нави ҳамкории дусоларо ба имзо расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки имзои ин Созишномаи нави ҳамкории дусола марҳалаи муҳим дар муносибатҳои дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТУТ ба шумор меравад. Созишнома мазкур ҳадаф ва нақшаҳои муҳими таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистонро дарбар мегирад, ки ТУТ дар ин самт дастгирии техникӣ ва молиявӣ хоҳад расонид.

Бояд гуфт, ки пандемияи COVID-19 сабақҳои муҳимеро вобаста ба роҳҳои минбаъд беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ба миён овард. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба мувофиқа расиданд, ки сабақҳои аз ин пандемия андӯхтаро дар саъю кӯшиши муштараки худ барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ истифода баранд. Ин масъала дар Созишномаи нави ҳамкории дусола, ки ба имзо расид, махсус дарҷ гардидааст.

Созишнома на танҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабақҳои аз пандемияи COVID-19 гирифташуда метавонанд саломатӣ ва соҳаи тандурустиро беҳтар гардонанд, балки он ба Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Иҷлосияи 72-уми Кумитаи минтақавии ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо аз 12 то 14 сентябр дар шаҳри Тел-Авиви давлати Исроил идома меёбад, ки дар он намояндагон аз 53 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Иҷлосия ҳайати Вазорати тандурустӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамоллидин Абдулозода намояндагӣ мекунад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: