Меъморон роҳҳои дастрасии гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ ба бино ва иншоотро меомӯзанд

Дирӯз дар меҳмонхонаи «Бохтариён»-и шаҳри Қӯрғонтеппа машғулияти омӯзишӣ оид ба такмили ихтисос барои меъморони маҳаллӣ ва лоиҳакашон дар мавзӯи «Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ» оғоз шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар доираи машғулият, ки бо иштироки меъморон ва лоиҳакашони минтақаи Қӯрғонтеппа муддати 4 рӯз идома меёбад, иштирокчиён бо меъёру қоидаҳои шаҳрсозии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ равона гирдидааст, ошноӣ пайдо менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, ин меъёру қоидаҳо ба ташкили муҳити зисти мукаммал бо назардошти талаботи маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ зимни лоиҳасозии корхонаю ташкилот, биною иншоот ва ташкили ҷойҳои корӣ ба инобат гирифтани гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ нигаронида шудааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: