Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир наёфт

Имрӯз Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ мондДар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи итиллои манбаъ, дар байни кишварҳои Осиё  аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Япония  дорад, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор  гирифтааст. Дар рейтинги КФО бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм ҷой дорад.

Хотиррасон менамоем, ки дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА дастаи мунтахаби Белгия бо касби 1765 имтиёз дар зинаи якум, тими мунтахаби Франсия  бо касби  1733 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби  Бразилия  бо  1712 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1765 хол)
  2. Франсия (1733)
  3. Бразилия (1712)
  4. Англия (1661)
  5. Уругвай (1645)
  6. Хорватия (1642)
  7. Португалия (1639)
  8. Испания (1636)
  9. Аргентина (1623)
  10. Колумбия (1622)

  1. Тоҷикистон (1152)

АМИТ «Ховар»

Tags: