Масоили таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуданд

3 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Сайид мулоқот намудДар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкиму тақвияти муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, 4 ноябр мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб Абдулваҳоб ал-Бадр сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур, вазъи иқтисодии ҷаҳон дар пасманзари ҳамагирии COVID-19, роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкорӣ бо ин Фонди бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: