Масъалаи омодасозии мутахассисони маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон баррасӣ мегардад

Омодасозии мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имрӯз зимни ҳамоиш дар Душанбе баррасӣ мегардад. Созмондиҳандагони он Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ мебошанд. Интизор меравад, ки ҳамкорӣ миёни давлат, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати дастаҷамъона эҷод намудани заминаҳои дониш ва тавоноӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз ҷониби иштирокдорону коршиносони соҳа баррасӣ шавад. 

Дар хабаре, ки аз МТБ ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки  намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, вазоратҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ бо ҳам ҷамъ омада, масоили рушди соҳаро бо таваҷҷуҳи махсус ба омодасозии мутахассисон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни соҳаи нассоҷию дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа  баррасӣ мекунанд.

Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов мегӯяд, ки «дониш барои тиҷорат калиди муваффақият аст. Донишҳои замонавӣ ба тиҷорат имкон медиҳанд, ки бо маҳсулоти хушсифат марзҳоро убур карда, соҳибкории маҳаллӣ ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбад. Мушкили дарёфти мутахассисон дар самтҳои асосӣ барои рақобатпазирии муассири саноати мо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷавобгӯ набудани донишу мутахассисон ба талаботи феълии соҳа ва бозори меҳнат, дастрас набудани муассисаҳои таълимию омӯзишӣ ба фанновариҳои замонавӣ, мушкили ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба соҳа ва барномаҳои кӯҳнаи таълимӣ мушкилоти асосие мебошанд, ки дар ҳамоиш матраҳ мегарданд».

Иштирокдорони ҳамоиш вазъи кунунии ҳамкорӣ миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимиро баррасӣ карда, имкониятҳои нави тақвияти ҳамкориро ҷӯё мешаванд. Ҳамчунин стандартикунонии низоми маориф ва барномаҳо, фароҳамории имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён ва пешниҳоди корҳои рақобатпазир ва ҷолиб ҳам баррасӣ хоҳанд гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: