Ба муносибати Рӯзи китоб ва Рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аз 1 то 3 сентябр Рӯзи дарҳои боз баргузор карда мешавад.
Дар Рӯзи дарҳои боз кормандони масъули Китобхонаи миллӣ тамоми меҳмонону хонандагонеро, ки ба ин боргоҳи маърифат меоянд, ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавӣ дар китобхона шинос карда, роҷеъ ба таърихи ин ганҷинаи пурғановати меҳан иттилоъ медиҳанд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 3 толори намоишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар фонди онҳо китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даврони истиқлол ва дигар маводи гаронбаҳои таърихии меҳан ба намоиш гузошта шудаанд. Ба меҳмонону сайёҳоне, ки дар ин рӯзҳо ба Китобхонаи миллӣ меоянд, оид ба фонди тиллоӣ ва маводи пурқимати гаронбаҳои он-хазинаи китобҳо маълумоти муфассал дода мешавад.
Дар ин рӯзҳо ташкил ва баргузории намоишҳои китобӣ ба назар гирифта шуда, китобҳои тозанашри ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба маърази дид гузошта мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби шуъбаи матбуоти даврии китобхона рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашре, ки дар саҳифаҳои онҳо мавзӯъҳои истиқлол, китобу китобдорӣ инъикос шудаанд, ба намоиш гузошта мешаванд.
Мақсад аз баргузории Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 12 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».
АМИТ «Ховар»