Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои таҳсилии БИР дар соли хониши 2020-2021 эълон намуд

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои таҳсилии БИР дар соли хониши 2020-2021 эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази мазкур.

«Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки Бонки исломии рушд (БИР) дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Франсия барномаи бурсиявӣ дар соли хониши 2020-2021-ро барои довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар  МТОК Франсияро доранд, эълон намудааст», — омадааст дар иттилоияи марказ.

Ба таъкиди манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо ва сабти ном то 30 июни соли 2020 тариқи мустақим (Online) сурат мегирад. Ҳоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро вобаста ба бурсияҳои таҳсилӣ ва сабти ном дар сомонаи www.isdb.org дарёфт намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: